WiMAX (англисӣ - Worldwide Interoperability for Microwave Access) технологияи телекоммуникатсионӣ, ки бо мақсади пешниҳоди алоқаи универсалии бесим дар масофаҳои дур барои як қатор дастгоҳҳо пешбинӣ шудааст. Пайвастшавӣ ба шабакаи WiMAX бо кӯмаки - модемҳое имконпазир аст, ки дар баробари технологияи Ваймакс, инчунин фаъолиятро дар шабакаҳои WiFi ва NGN – телефония дар бар мегирад. Ҳангоми иваз намудани макони ҷойгиршавӣ низ, таҷҳизоти мазкур, суръати пайвастшавӣ ва сифати хизматрасонии дар нақшаи тарофавӣ нишондодашударо дар доираи фазои иҳотаи шабакаи WiMAX , кафолат медиҳад. Аз технологияи мазкур дар 21 шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода бурдан мумкин аст.