IP - Телевизион

Бо дархости зиёди муштариён, ширкати «Вавилон-Т» дар якҷоягӣ бо операторон «ТНТ 2014», «Оила ТВ» ва «Сомон ТВ» хизматрасонии IPTV – ро ба истифода дод.

IPTV (Internet Protocol Television) – ин технологияи муосире мебошад, ки имкон медиҳад мавҷи телевизионӣ тавассути шабакаи Интернет самаранок интиқол дода шавад. Дар фарқ аз чунин намудҳои анъанавии телевизиони рақамӣ, ба монанди телевизиони эфирӣ, ноқилӣ ё моҳворавӣ, IPTV - ин хизматрасонии комили интерактивиест, ки дар Интернет фаъолият мекунад.

Афзалиятҳои асосии IPTV ин имконияти тамошои шабакаҳои телевизионӣ на танҳо дар компютерҳо, балки дар дигар дастгоҳҳои хонагии дорои экран ба ҳисоб меравад:

      - Планшетҳо
      - Смартфонҳо
      - Ноутбукҳо
      - Smart TV (Android)

Хусусияти фарқкунандаи IPTV ин имкониятҳои интерактивии иловагӣ ба ҳисоб мераванд, аз ҷумла: интихоби забони пахши овоз, дастрасӣ ба иттилооти эфирӣ (намоиши телевизионӣ, тафсирҳо, шарҳҳо), инчунин имконияти хизматрасониҳои пулакӣ бо сифати баланди тасвир дар муқоиса бо дигар имконоти дастраснамоии видео-контент мебошад.

Лаҳзаҳои фаромӯшнашавандаро бо наздикони худ гузаронед ва беҳтарин намоишҳоро дар формати SD ва HD тамошо кунед:

      - Мусобиқаҳои муҳими футбол;
      - Машҳуртарин киноҳо ва силсилафилмҳо;
      - Ҷаззобтарин мусобиқаҳои варзишӣ;
      - Беҳтарин шабакаҳо оид ба ҳайвоноти ваҳшӣ;
      - Филмҳои тасвирии таълимии кӯдакона.

Рӯйхати Smart TV - ҳо дар Android, ки IPTV - ро қабул мекунанд:

      1. TCL Google Android TV---LED FHD DTV 49S6400-RU
      2. TCL UHD Smart TV 65P717
      3. TCL Google Android TV---LED FHD DTV S6500 RT41KB-LA
      4. TCL UHD Smart TV 65P715
      5. Goldfinch 65 Digital Smart 4K Android UHD TV, GF-65MU7200V