. Оиди ширкат

Оиди ширкат

ҶДММ «Вавилон-Т» — бузургтарин оператори алоқаи миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, ки соли 2000-ум таъсис ёфтааст ва маҷмӯи васеи хизматрасониҳои телекоммуникатсиониро барои мизоҷони хусусӣ, корпоративӣ ва инчунин барои операторони алоқа гирд овардааст.

Шиори ширкат «Сифатро интихоб намоед!» ном дорад ва ин беҳуда нест. Зеро дар чунин як давраи нави рушди асри умумиҷаҳонии алоқа ва телекоммуникатсия, меъёри асосӣ ва афзалиятноки ширкат «Сифат» ба ҳисоб меравад, ки ҳанӯз аз замони таъсис ҳадафи аслӣ ба шумор меравад. Ширкат ин мақсади худро ҳамеша нигоҳ медорад.

Вазифаҳои асосии «Вавилон-Т» таъмини муштариён бо маҷмӯи васеи хизматрасониҳои муосири телекоммуникатсионӣ, аз ҷумла хизматрасониҳои телефонӣ, интиқоли маълумот, шабакаҳои виртуалӣ-хусусӣ, шабакаи алоқаи зеҳнӣ, дастёбии баландсуръат ба Интернет ба ҳисоб меравад. Мизоҷони ширкат имконият доранд, ки аз як оператор маҷмӯи васеи хизматрасониҳоро дастрас намоянд. Маҷмӯи васеъи захираҳо ба ширкат имконият медиҳанд, ки ба муштарӣ маҷмӯи хизматрасониҳои дилхоҳро бо назардошти ҳамаи талабот ва хосияти пеш бурдани тиҷорат пешниҳод намояд.

Барои пешниҳод намудани хизматрасониҳои алоқа «Вавилон-Т» аз инҳо истифода мебарад:

Шабакаи сайёри оптико-волоконии рақамии масоҳаташ зиёда аз 200 километр. Шабака ба таври мунтазам шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷандро фаро гирифта, имконият медиҳад, ки хизматрасонии алоқаро ба дилхоҳ муштарӣ новобаста аз ҳудуди ҷойгиршавӣ таъмин намояд.

Шабакаи синхронии рақамии иерархии SDH, ки бо шабакаи телефонии рақамӣ, шабакаи дастёбӣ ба Интернет, шабакаи интиқоли маълумот, шабакаи дастёбии бесим ҳамкорӣ менамояд;

Шабакаи бисёрқарордодаи Next Generation Network (NGN), ки дар базаи техноложии Gigabit Ethernet сохта шудааст ва интиқоли иттилоотро бо суръати 10 Гбит/с таъмин менамояд;
 

Бартариятҳои мо:

«Вавилон-Т» – оператори миллӣ, ки маҷмӯи пурраи хизматрасониҳои телекоммуникатсиониро пешниҳод менамояд.
«Вавилон-Т» дорои инфраструктураи хусусии рақамӣ аст, ки аз тарафи маркази мониторингӣ хизмат расонида мешавад.
«Вавилон-Т» дорои шабакаи муҷтамаъи «NGN-телефония» ва IP-шабакаҳои дар технологияи «CyberNet» муттаҳидкардашуда мебошад. Ба туфайли ин мизоҷони мо метавонанд аз хизматрасонии ҳамешагии баландсифат баҳравар шаванд. Мизоҷони мо инчунин дорои рақамҳои телефоние (Cyberphone) мебошанд, ки имконият медиҳад, онҳоро на танҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки дар дигар кишварҳо низ истифода баранд. Инчунин истифодабарии хизматрасониҳои гуногунҷабҳаи дигар низ ба роҳ монда шудаанд.


«Вавилон-Т» хизматрасониҳои минтақавии интиқоли маълумот ва хизматрасониҳои Интернетро бо истифода аз шабакаи хусусии заминии интиқоли маълумот пешниҳод менамояд..

«Вавилон-Т» ҳалли тамоми мушкилоти телекоммуникатсиониро то ҷузъиёти охирин таъмин менамояд.

«Вавилон-Т» алоқаи телефонии байналхалқӣ ва интиқоли маълумотро пешкаш мекунад.

Хадамоти пуштибонии муштариёни «Вавилон-Т» ба таври шабонарӯзӣ ва бе рӯзи истироҳат фаъолият мекунад.

«Вавилон-Т» мақсади ҳамкории дуру дароз бо муштариёнро дорад. Бинобар он ки мо консепсияи афзалиятноки рушдро пеш мебарем менеҷерҳои соҳибихтисоси мо барои фаҳмидан ва қонеъ намудани талаботи Шумо на танҳо дар давраи бастани шартнома, балки ҳамеша ташаббус зоҳир менамоянд.
 

Иҷозатномаҳо: 

№ 15 - 284 - РТ Пешниҳоди хизматрасониҳои телематикӣ (ба истиснои IP телефония) ва ҷорӣ намудани дастёбии бондвасеи бесими (WiMAX) ба хизматрасонии хадамоти телематикӣ ( № ‎0000284).
№ 15 - 286 – РТ Пешниҳоди хизматрасониҳо вобаста ба интиқоли маълумот (аз ҷумла хизматрасонии алоқаи телефонӣ ва IP телефония) (№ ‎0000286).
№ 15 - 285 - РТ Пешниҳоди хизматрасонии алоқаи телефонии байналхалқӣ (№ ‎0000285).
№ 14 - 212 - РТ Пешниҳоди хизматрасонии алоқаи телефонии маҳаллӣ (№ ‎0000212).
№ 17 - 401 - РТ Пешниҳоди хизматрасонии алоқаи телефонии байнишаҳрӣ (№ ‎0000401).
№ 16 - 353 - РТ Хизматрасониҳо оид ба истифодабарии каналҳо ва шоҳроҳҳои алоқа (№ ‎0000353).