Ҳамкасбони азиз! Алоқачиён мутахассисони ҳақиқӣ мебошанд, ки ба кори худ содиқанд! Мо ба одамон бо муошират хурсандӣ мебахшем. Хурсандие, ки деҳаҳо ва шаҳрҳо, мамлакатҳои гуногунро, ки аз ҳамдигар садҳо ва ҳазорҳо километр дуранд, бо ҳам мепайвандад! Бигзор кори дӯcтдоштаи шумо ҳамеша пур аз муваффақият бошад!
Ба шумо, аҳли оила, хешу табор ва наздиконатон саломатии бардавом, бахту саодат ва рӯзгори осуда, ба ҳамаи алоқачиён кашфиётҳо ва комёбиҳои нав ба нав таманно дорем!
Рӯзи касбӣ муборак бошад!