ҶДММ «Вавилон-Т» бо мақсади ҳавасмандгардонии муштариёне, ки бори нахуст ба шабакаи интернети ширкат бо оптика пайваст мешаванд, аз 01.05.2020 ба онҳо 40 Гб интернет тақдим менамояд. Минбаъд муштариёне, ки бори нахуст ба шабакаи Интернет бо оптика пайваст мешаванд, метавонанд аз 40 Гб трафики тақдимшудаи Интернет то санаи охири моҳи дуюм бемонеа истифода баранд. Баъд аз ба итмом расидани трафики тақдимшуда, муштарӣ метавонад, дилхоҳ нақшаи тарофавиро аз ҷадвали нақшаҳои тарофавии CyberOptic интихоб кунад ва истифода барад.
Рӯйхати тарофаҳо дар инҷоянд: