12 -13 НОЯБРИ соли 2011 бо ташаббуси СҶ «Маркази технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ» ва дастгирии молиявии Институти «Ҷомеаи кушода»- и Бунёди мадад дар Тоҷикистон дар толори филиали ДДМ ба номи Ломоносови ш.Душанбе Анҷумани чоруми минтақавии «Ҷавонони рақамии Осиёи Марказӣ» (DYGA) дар ҳамшарикӣ бо Филиали ДДМ ба номи М.Ломоносов дар шаҳри Душанбе, ширкати “Вавилон-Т”, Мактаби мустақили рӯзноманигории “Тоҷикистон – асри ХХI”, ҶДММ “Промоушн”, ширкати Dr. Web ва филиали “Интернюс Нетуорк Инк” дар Тоҷикистон баргузор гардид.
Ҳадафи форуми мазкур оммавӣ кардани таҷрибаи комёбиҳои технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионии ҷавонони кишварҳои Осиёи марказӣдар ҳалли масоили иҷтимоиву иқтисодӣ буда, дар чорабинии мазкур 160 нафар мутахассисони ҷавони технологияҳои иттилоотӣ ва интернети мобилӣ, дизайнерҳо, созмондиҳандагони сомонаҳо, устодони муассисаҳои таълимӣ, соҳибкорон, иқтисодчиён, рӯзноманигорон аз Афғонистон, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ширкат варзиданд.
Навоварии форуми мазкур дар он буд, ки дар он коршиносони хориҷӣ аз Ҳиндустон, Афғонистон, Россия, Италия ва ИМА дар бораи таҷрибаи худ ва комёбиҳо оид ба истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва оид ба доир намудани конфронсҳои видеоӣ дар рушди кишварҳояшон нақл карданд. Ҳамчунин бори аввал дар анҷуман муаррифии онлайнии модули таълимии UN APCICT “Силсилаи дастурҳо барои ҷавонон оид ба ТИК баҳри Рушд” баргузор гардид, ки муаллифаш профессор Уша Рани Виасулу Редди аз Хиндустон мебошад.
Дар давоми ду рӯзи фаъолияти хеш муассисон ва ширкаткунандагони форум баромад намуда. Лоиҳаҳои гуногуни худро муаррифӣ карданд. Аз тарафи комиссияи махсус, ки дар ҳайати он намояндагони сохторҳои давлатӣ, ташкилотҳои тиҷоратӣ ва ғайритиҷоратӣ дохил буданд, бехтарин лоиҳаҳо интихоб карда шуданд ва бо ҳамин форум кори худро ҷамъбаст намуд. Дар ҷамъбасти форум Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Вавилон-Мобайл» ба шаш нафар иштирокчиёни форум, ки Лоиҳаҳои худро ба Анҷумани чоруми минтақавии «Ҷавонони рақамии Осиёи Марказӣ» пешниҳод намуда буданд, сим-кортҳои нуқрагин тақдим намуд.