Сарпарастони генералии 5-умин мусобикаи байналхалкии теннис барои чоми президент

ҶДММ «Вавилон»- ва ҶСП «Вавилон-Мобайл»

Аз 18 то 25 сентябри соли 2011 дар шаҳри Душанбе «5-умин мусобиқаи байналхалқӣ оид ба тенниси калон барои ҷоми  президенти Тоҷикистон» баргузор гардид. Дар он зиёда аз 64 теннисбозони ҷавон аз 8 мамлакати дуру наздик ширкат варзиданд ва қувваозмоӣ намуданд.

Ширкатҳои ҶСП «Вавилон-Мобайл» ва ҶДММ «Вавилон-Т», ки ҳамеша чунин чорабиниҳоро сарпарастӣ менамоянд, дар мусобиқаи мазкур чун сарпарасти кулл ширкат варзиданд.  Ширкати «Вавилон-Мобайл» дар маросими пӯшидашавии ин мусобиқаи олӣ ба ҳамаи мукофотгирандаҳо телефонҳои мобилӣ ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.

Мо мефаҳмем, ки саҳмгузорӣ дар варзиши кӯдакон ин пеш аз ҳама саҳмгузорӣ дар тарбияи насли наврас ва ба таври ҷисмониву  фикрӣ ташаккули насли нави Тоҷикистон аст.  Ба ҳамин хотир яке аз ҳадафҳои асосии фаъолияти ширкати мо ин кӯмак расонидан ба рушди мутаносиби ҷамъият, пайдо намудани истеъдодҳои ҷавон ва баланд бардоштани маҳорати варзишии онҳо ба ҳисоб меравад.

Дафтари мутбуоти ҶДММ «Вавилон-Т»