Озмуни «Интернет-сомонаи бехтарин дар бораи Точикистон»

ҶСП «Вавилон-Мобайл» ва ҶДММ «Вавилон-Т» озмуни «Интернет-сомонаи беҳтарин дар бораи Тоҷикистон»-ро эълон менамоянд.
Озмуни мазкур ба 20 солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон  бахшида мешавад.

Ҳадафи озмун– бунёди сомона (сайт) бо мақсади рушди анъанаҳои миллӣ, инъикоси мушкилиҳо ва пахши навидҳои Тоҷикистон, баланд бардоштани завқи шаҳрвандон ва ҳаммилатони дар хориҷа қарор доштаи мо ба таърихи кишвар.

Ҳадаф аз бунёди сомона (сайт):

  • Ҷой намудани иттилооти дастрас ва холисона дар бораи Тоҷикистон, дар бораи таърихи бисёрасра ва муосири Тоҷикистон;
  •  Тарғиби идеяҳо, фаъолият ва меҳнати ҳамватанони мо чӣ дар замони қадим ва чӣ муосир;
  • Ихтироъи сомонаи шавқовару интерактивӣ бо истифода аз технологияи навтарин.

Низомнома дар бораи конкурс

      1. Ҳадаф ва вазифаҳо

    • Баланд бардоштани маданияти иттилоотии интернет-ҷамъияти муосир, оммафаҳмии технологияи иттилоотӣ дар Тоҷикистон, тарғиби имкониятҳои шабакаи Интернет дар рушди тиҷорат ва ҷамъияти муосир;
    • Пайдо намудани мутахассисони беҳтарин ва моҳир дар соҳаҳои WEB-дизайн, WEB-барномасозӣ.

2. Муассисони Озмун
ҶСП «Вавилон-Мобайл» ва ҶДММ «Вавилон-Т»

4. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои доварон 

4.1. Довар (жюри) ҳуқуқ дорад:
- Дар сурати мувофиқ наомадани интенет-лоиҳа ба талаботи Низомномаи мазкур ба аризадиҳанда иҷозати ширкат дар Озмунро надиҳад;
- Иштирокчиро барои вайрон намудани ӯҳдадориҳои дар Низомномаи мазкур нишондодашуда аз ширкат дар Озмун маҳрум намояд;
Ба Иштирокчӣ дар мӯҳлати 2 рӯз оид ба  маҳрум намудани ҳуқуқи ӯ барои иштирок дар Озмун Огоҳинома  ба воситаи почтаи электронӣ  фиристад ё бо телефон хабар диҳад.
- маълумоти иловагиро аз иштирокчӣ дар бораи веб-сомона талаб намояд.
4.2. Жюри ӯҳдадор аст:
- шароити баробар барои ҳамаи иштирокчиёни Озмун муҳаё созад;
- ҳангоми газаронидани Озмун шаффофияти (гласность) онро таъмин намояд.
4.3.Ҳайати доварон аз тарафи Муассисони Озмун муайян карда мешаванд.

5. Иштирокчиён ва мавзӯи Озмун

5.1. Дар Озмун ҳамаи хоҳишмандон ширкат варзида метавонанд.
5.2. Мавзӯи Озмун интернет-сомонае ҳисобида мешавад, ки аз тарафи ширкаткунандаи Озмун ихтироъ карда шудааст.
5.3.Иштирокчиён бояд лоиҳаи сомонаро пешниҳод намоянд ва анкета-аризаро пур кунанд.
5.4. Довталабоне, ки берун аз шаҳри Душанбе зиндагонӣ мекунанд кори худро метавонанд дар сомонаи: sharebox.tj бо анкетаи пуркардашуда ҷой намуда, маълумотро ба почтаи электоронии Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. ирсол намоянд.

6. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои Иштирокчиён

6.1. Ҳуқуқи иштирокчиён:
- дар бораи шартҳо ва тартиби гузаронидани Озмун маълумот гиранд;
- фиристодани дархост ба Озмун барои иштирок ва ба қайд гирифтан;
- дар ҳолати даст кашидан аз иштирок  на дертар аз се рӯз то анҷоми мӯҳлати қабули дархостҳо хабар додан.
6.2. Ӯҳдадориҳои ширкаткунандагон:
- риояи қоидаҳо ва тартиботи муқаррарнамудаи Низомнома;
-дар сурати зарурият пешниҳод намудани маълумоти иловагӣ дар бораи интернет-лоиҳа.
6.3. Як шахс ва ё гӯрӯҳи ашхос барои ширкат дар Озмун метавонанд танҳо як веб-сомонаро пешниҳод намоянд.

7. Механизми овоздиҳии Доварон:

7.1. Овоздиҳӣ ба таври алоҳида аз тарафи ҳар як аъзои доварон ба таври алоҳида аз рӯи меъёрҳои зерин гузаронида мешавад:
7.1. Дизайн (беҳтарин интерфейс ва ба расмиятдарории назарраси сомона);
7.2. Идея (хизматрасонии (сервис) нав, идеяи тоза, тематика ва ғайра);
7.3. Контент (ба таври шавқовар ва муфид пур намудани сомона);

8. Талабот ба веб-сомонаҳои довталабон

8.1. Агар веб-сомона ба номинатсияи эълоншуда мутобиқат накунад, жюри дар бораи ба қайд нагирифтан ба аризадиҳанда хабар медиҳад.
8.2. Веб-сомонаҳое, ки мундариҷаи иттилоотӣ надоранд ба қайд гирифта намешаванд.
8.3. Веб-сомонаҳое дорои даъват ба зӯрӣ, барангезиши муноқишаҳои байнимиллӣ, идеяи хусусияти нажодпарастӣ ва миллатчигидошта, баёни дағал, иттилооти парнографӣ ва ғайра мебошанд, қонунгузории Тоҷикистон онро манъ кардааст, ба Озмун роҳ дода намешаванд
8.4. Формати сомона: CSS, PHP, My SQL., на зиёда аз  20 Мбайт. (1 саҳифа на зиёда аз 100 КБ.)
8.5. Веб-сомона бояд ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ буда, дорои навигатсияи муносиб ва дохилии мантиқӣ бошад ва инчунин гаммаи ранга ва ягонагии ҳарфҳо (шрифт) ҳатман риоя карда шавад. 

9. Тартиби гузаронидани Озмун

9.1. Жюри корҳои вобаста ба баррасии маводҳои пешниҳодшуда мутобиқ ба Низомномаи мазкур ва натиҷаҳои гузаронидани Озмунро пеш мебарад.
9.2. Дархост барои ширкат дар Озмун бояд дар вақти муқарраршуда супорида шавад. Дархостҳо аз 29 июн то 28 августи соли 2011 қабул карда мешаванд. Рад намудани дархост баъд аз буд шудани мӯҳлати барқароршуда баррасӣ намегардад ва шарҳ дода намешавад.
9.3. Корҳои ба Озмун пешниҳодшуда баргардонида ва ё пардохт карда намешаванд

10. Мӯҳлати гузаронидани Озмун 

10.1. Қабули корҳои Конкурсӣ аз 29 июн бо нишонии  Чапаева 31  бо ишораи «Озмун»  -беҳтарин интернет-сомона дар бораи Тоҷикистон» қабул карда мешавад. Барои гирифтани маълумоти иловагӣ  ба телефонҳои  (44) 600-57-57, (44) 620-20-11 занг занед.
10.4.  Дар бораи мукофотонидани ғолибон ба таври иловагӣ хабар дода мешавад.
10.5 Фонди призии Озмун - 10 000 сомониро ташкил медиҳад. Се ҷой барои ғолибон ҷудо карда мешавад.