Байраки «Вавилон-Т» ва «Вавилон-М» дар Антарктида

Моҳҳои январ –феврали соли 2011 экспедитсияи байналхалқии дӯстдорони радио дар ҷазираҳои Оркнеи Ҷанубӣ  (Антарктида) баргузор гардид. Дар экспедитсияи мазкур намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нодир Турсунзода низ ширкат дошт.

Алакай чандин сол аст, ки ширкати «Вавилон-Т» рушди дӯстдорон ва ҳавасмандони радиоиро дар  Тоҷикистон пуштибонӣ намуда, мактаби технологияи иттилоотии фонди «Ошёни баланд»-и ба номи Мирзо Турсунзодаро сарпарастӣ менамояд.
Дар ин экспедится  ба нишони миннатдорӣ  ва сипос барои кӯмак байрақҳои ҶДММ «Вавилон-Т» ва ҶСП «Вавилон-Мобайл» дар Қитъаи Сафед (Белом Континенте) бардошта шуданд.