Озмуни «Сомонаи бехтарини Навруз»

Ҷоизаи «Сомонаи беҳтарини Наврӯз»
17 феврали соли равон Вазорати маорифи Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Ассотсиатсияи дастраскунандагони Интернет, Фонди ҷамъиятии «Интернет», Фонди ҷамъиятии «Ташаббуси шаҳрвандии сиёсати Интернет» бахшида ба байналмилалӣ шудани ҷашни Наврӯз озмуни «Сомонаи беҳтарини наврӯз»-ро эълон карда буд. Озмуни мазкур, ки бо сарпарастии бузургтарин ширкати таъминкунадаи Интернет дар Тоҷикистон ҶДММ «Вавилон-Т» ва ширкати телекоммуникатсионии ҶСП «Tcell» 31-уми марти соли равон дар толори бинои Маркази такмили ихтисоси Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст гардид.


Озмуни «Беҳтарин сомонаи Наврӯз»-ро Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонов бо тантана оғоз намуда, ба ташкилкунандагон ва сарпарастони он изҳори сипос кард ва зикр намуд, ки «идеяи ташкил намудани озмуни мазкур дар аввалин ҷаласаи Шӯрои Технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ, ки бо иштироки Президенти ҶТ баргузор гардид, пешниҳод гардида буд. Президенти кишвар ҳадафҳои шӯро ва рушди технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсиониро муайян намуд ва шӯро дар назди Вазорати маорифи ҶТ таъсис дода шуд. Ҳайати аъзоёни шӯро пешниҳод намуданд, ки ба хотири байналмилалӣ гардидани «Наврӯз» озмуни сомонаи беҳтарин вобаста ба Наврӯзро доир намояд. Ин аст, ки мо озмуни мазкурро эълон намудем. Вазири маориф инчунин ба роҳбарияти ширкатҳои «Вавилон-Т» ва «Tcell» барои пуштибонӣ аз ин иқдом аз номи худ ва ширкаткунандагон миннатдорӣ намуда, ба ҳамагон муваффақият хост.
Баъдан намояндаи ширкати «Вавилон-Т» Холиқназар Ҷумъаев баромад карда, аз номи Директори генералии ширкат Беҳзод Файзуллоев ҳамагонро бо ҷашни Наврӯзи оламафрӯз табрик кард ва ба ҳамаи ширкаткунандагон муваффақиятҳо хоста, зикр намуд, ки ширкати «Вавилон-Т» чун яке аз таъминкунадагони асосии Интернет дар Тоҷикистон ҳамеша чунин иқдомҳоро пуштибонӣ менамояд. Сипас Мутахассиси шӯъбаи рушди УДС ва 3G-и Департаменти маркетинги ширкати Tcell Аскаралӣ Саидов ба минбар баромада, ба вазорати Маориф барои чунин иқдом аҳсант хонд ва изҳор дошт, ки «Дар замони ҳозира инкишофи технологияи алоқавй дар майдони байналмиллалӣ авч гирифта истодааст, аз ин ҷониб дастгирй кардани ҷавононни боистеъдод ва чорабиниҳо, ки савияи дониши насли наврасро баланд мебардорад, яке аз мақсадхои асосии мо мебошад, ки дар оянда онхо барои инкишофи технологияхои нав дар Тоҷикистон сахми худро гузоранд.
Дар озмуни «Сомонаи беҳтарини Наврӯз» хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таълимӣ ва илмии шаҳри Душанбе, Қурғонтеппа ва шаҳри Хуҷанд иштирок намуданд, ки дар маҷмӯъ 13 лоҳиаи беҳтарин ба озмун пешниҳод карда шуд. Озмуни мазкур бо мақсади инъикоси арзишҳои миллӣ дар фазои иттилоотии ҷаҳонӣ, бахусус ба хотири мақоми байналхалқӣ гирифтани ҷашни Наврӯз доир гардидид. Дар ҷамъбасти озмун ҳамаи ғолибон бо мукофотҳои Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Вавилон-Т» ва Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи «Тселл» қадрдонӣ карда шуданд. Ҳамзамон бояд қайд намуд, ки ин аввалин озмун дар Тоҷикистон буда, ҳадаф аз баргузории он пеш аз ҳама ҳавасмандкунии ҷавонон барои пурмӯҳтаво гардонидани сомонаҳои ватанӣ ва таъмини фаъолияти доимии онҳо мебошад.
Асомиддин Атоев, мушовири асотсиатсияи дастраскунандагони Интернет дар Тоҷикистон зимни ҷамъбасти озмун изҳор дошт, ки «Сомонаи беҳтарини Наврӯз» дар баланд бардоштани малакаю маҳорат ва дониши хонандагону донишҷӯён вобаста ба татбиқи технологияҳои иттилоотӣ дар муассисаҳои таълимӣ як такони ҷиддие хоҳад бахшид. ӯ афзуд, ки «ҳадафи баргузорӣ аз чорабинӣ пеш аз ҳама ҷалб намудани ҷавонон дар рушди сомонаҳои ватанӣ дар интернет мебошад. Чунки технологияи интернетии сомонасозӣ ҳамнасли ҷавонон буда, барои ҷавонон хеле манфиатовар аст. Иштирокчиёни озмун натанҳо аз технологияи сарчашмаҳои интернетӣ истифода мебаранд, балки онҳо имрӯз исбот намуданд, ки беҳтарин сомонаҳо низ сохта метавонанд. Бо зиёд кардани сарчашмаҳои ватанӣ дар интернет мо ба он ноил шуда метавонем, ки ин технологияҳоро дар фаъолияти гуногуни худ ҳамарӯза истифода намоем. Мисоли оддӣ ин дар фаъолияти устодону донишҷӯён ва толибилмони мактаб мушоҳида гардид, ки метавонанд ҳамчун барномаи таълимӣ ин сомонаҳоро истифода баранд. Минбаъд мардуми тамоми кишварҳо метавонанд, ки ба воситаи ин сомонаҳо оиди Наврӯзи Тоҷикистон маълумоти мукаммал пайдо намоянд»,- илова намуд Асомиддин Атоев.
Мавриди зикр аст, ки имрӯз дар кишварҳои пешрафта шабакаи Интернетро барои рушди таҳсилот истифода менамоянд ва ҳамчунин барои таҳким бахшидани робитаю хамкориҳои зич байни оила ва мактаб, омӯзгор ва толибилм воситаи беҳтарин маҳсуб медонанд. Ин аст, ки ширкати «Вавилон-Т» барои ба ҳамагон дастрас намудани интернет дар тӯли фаъолияти худ ба барномаҳои иҷтимоӣ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намудааст. Дар доираи барномаҳо аз тарафи ин ширкат ба шабакаи Интернет зиёда аз 300 мактаби миёна, коллеҷҳо, донишгоҳҳо, техникумҳо, маҷмӯи эҷодиёти кӯдакон ва ҷавонон, марказҳои созгории кӯдакон-маъюбон ва ғайраҳо пайваст карда шудаанд.
Дар охир аз тарафи ҳайати жюрӣ Субҳонов Мубориз Сатторхонович ва Козлов Николай ғолиб дониста шуда, ба онҳо шоҳҷоизаҳои ширкати «Вавилон-Т» ва «Тселл» супорида шуд. Инчунин ба 11 ғолибон аз рӯи 11 номинатсия аз тарафи ширкатҳои мазкур тӯҳфаҳое чун WiMAX, WiFi, USB WiMAX, USB Phone ва Телефони мобилӣ бо пуштибонии веб браузер тақдим карда шуд
Бо ҳамин озмуни «Беҳтарин сомонаи Наврӯз» ҷамъбаст гардид.

 

Рӯйхати номинатсия, ғолибон ва тӯҳфаҳо

 

 

Номинатсия

Ғолибон

Сомонаҳо

Babilоn-Т

Tcell

Вазорати маориф

1

Дизайн

Бахтиёр Хоҷаев

http://bahtiyor.nawruz.tj/

WiMAX

WiFi

 

Интерактивӣ

Хайриддин Турдиалӣ

http://hairiddin.nawruz.tj/

WiMAX

WiFi

 

Техникаи иҷроиш

Сӯҳроб Ниёзов

http://www.navruz.tj

WiMAX

WiFi

 

Муҳовиравӣ

ОО "Хома"

http://khoma.nawruz.tj/

WiMAX

WiFi

2

Беҳтарин ихтироъкор - хонанда

МактабиИКТ

http://www.cit.tj/navruz2/www/

USB WiMAX

Телефони мобилӣ бо пуштибонии веб браузер

 

Беҳтарин ихтироъкор - донишҷӯ

Козлов Николай

http://pronavruz.joomspider.com

USB WiMAX

Телефони мобилӣ бо пуштибонии веб браузер

 

Беҳтарин ихтироъкор - омӯзгор

Мактаби 95

http://maktabi95.nawruz.tj/

USB Phone

Телефони мобилӣ бо пуштибонии веб браузер

 

Беҳтарин ихтироъкор - шаҳрванд

Парвизи Баҳодур

http://www.navruz-info.ru/

USB Phone

Телефони мобилӣ бо пуштибонии веб браузер